Бино ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Арабӣ 21, дар ҳоле ки ҳатто баъд аз барқарории оташбас дар Навори Ғазза ҳам режими саҳюнистӣ иҷозати вуруди кофии кумакҳо ба ин борикаро намедиҳад ва бӯҳрони инсонӣ ҳамчунон бо шиддат идома дорад, расонаҳои саҳюнистӣ гузориш доданд, ки ин режим иқдомоти ҷадидеро барои ҷилавгирӣ аз кумакрасонӣ ба фаластиниён рӯи даст гирифта ва даҳҳо созмони башардӯстона дар Ғазза ва Каронаи Бохтариро маҷбур ба таваққуфи фаъолиятҳои худ кардааст.
Рӯзномаи ибрӣ Ҳааретс дар ин росто эълом кард, ки даҳҳо созмоне, ки қаблан таъидияи Тел-Авивро дарёфт карда буданд, акнун ба далели як равиши сахтгирона маҷбур ба таваққуфи фаъолияти худ шудаанд ва ҳазорон тон маводи ғизоӣ ва кумакҳои имдодӣ дар хориҷ аз Ғазза раҳо шудааст.
Ин расонаи ибрӣ афзуд: Ин равиши Тел-Авив, шароити вуруди созмонҳо ба Ғазза ва Каронаи Бохтариро сахттар ва онҳоро мулзам ба ироаи ҷузъиёт дар мавриди кормандон ва хонаводаҳояшон мекунад. Тибқи ин равиш, созмонҳо муваззафанд теъдоди зиёде ҳуҷҷат, аз ҷумла феҳристи тамоми кормандони хориҷӣ ва фаластинии худ ва иттилооти марбут ба аъзои хонаводаашонро ба Тел-Авив ироа диҳанд.
Дар идомаи ин гузориш омадааст: Созмонҳои башардӯстона бидуни иҷозаи расмӣ аз Тел-Авив муҷоз ба овардани ғизо ё ҳар гуна кумаке ба Ғазза нестанд ва кормандони онҳо наметавонанд визои вуруд ба Исроил (Фаластини ишғолӣ)-ро дарёфт кунанд. Набудани иҷоза, вуруди ин созмонҳо ба Ғаззаро мамнуъ мекунад ва ҳамчунин монеи харид ё интиқоли таҷҳизот аз ҷониби онҳо мешавад.
Ҳааретс таъкид кард: Созмонҳое, ки иҷозаи вуруди коло ба Ғаззаро дарёфт накарда буданд, ба ожонсҳои Созмони Милал ё созмонҳои дигари дорои иҷоза муроҷиа карданд ва дархост карданд, ки иҷозаи вуруди колоҳои харидашударо бидиҳанд. Бо ин ҳол, Тел-Авив аз ин иқдом низ ҷилавгирӣ кард.
Ин расонаи саҳюнистӣ тасриҳ кард: Дар натиҷа теъдоди зиёде аз таҷҳизот ва лавозими харидашуда аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ пушти марзҳои Ғазза гир кардааст. Ин таҷҳизот шомили матрас, хайма, рӯпӯши пластикӣ, таҷҳизоти об ширинкунӣ, маводи изолятсионӣ, либоси зимистонӣ, ашёи беҳдошти шахсӣ ва миқдори зиёде маводи ғизоӣ мешавад.
Ҳааретс ба нақл аз Бушро ал-Холидӣ, мудири сиёсатгузории Оксфам дар сарзаминҳои фаластинӣ, гуфт, ки ин иқдом бахше аз сиёсати густурдатари Тел-Авив аст, ки муҷозоти дастаҷамъӣ маҳсуб мешавад ва Ғаззаро ғайриқобили сукунат мекунад.
Your Comment